АКС: Ёде аз Даврон Ғуфронов, хабарнигор ва шореҳи варзишӣ
Имрӯз, 25 сентябр дар саҳни Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” аз хабарнигор ва шореҳи варзишӣ Даврон Ғуфронов ёд карда шуд.
Даврон субҳи якшанбеи 24 сентябр дар 44-солагӣ бар асри бемории сактаи мағзӣ дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт.
Гуруҳе аз журналистон ва кормандони “Шарқи озод” аз равоншод Даврон Ғуфрон бо некӣ ёд карда, аз Худованд барояш биҳишти барринро орзу карданд.
Даврон Ғуфронов чанд вақти ахир аз бемории ихтилоли шадиди асаб ранҷ мебурд. Талоши муштараки хонаводаи марҳум бо ҷамъи аз ҳамкасбон барои табобати эшон дар баробари марг оҷиз омад.
Даврон Ғуфронов соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 54-и шаҳри Душанберо хатм намуда, солҳои 1990-1995 донишҷӯйи факултаи забони русиву инглисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон буд. Баъди хатми донишкада дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ҳайси тарҷумон ва масъули матбуотӣ кор кардааст. Баъдан, дар Идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон фаъолият намуда, бо таъсиси шабакаи “Садои Душанбе” фаъоляити худро дар бахши русии ин шабака идома додааст.
Фаъолияти минбаъдаи Даврон Ғуфронов дар Гуруҳи расонаҳои “Азия-плюс” сурат гирифт. Ӯ солиёни дароз шореҳи варзишии ин ширкати расонаӣ буд. Аз соли 2015 то поёни умр шореҳи варзишии Гуруҳи расонаҳои “Озодагон” буд. Ҳамкасби гиромии мо хонадор ва соҳиби як фарзанд буд.
Даврон Ғуфронов бо ахлоқи шоистаи инсониву корӣ ва шахсияти фурӯтану хоксори худ дар миёни ҳамкасбону ҳамкорон мақоми арзишманде дошт ва ҷамъи ҳамкорону ҳамкасбон хотираи неки ӯро барои ҳамеша гиромӣ медоранд ва аз Худованди кариму меҳрабон барои ӯ биҳишти барринро тақозо доранд.
Ҷоят ҷаннат ва хотираат ҷовидон бод, ҳамкасб ва ҳамкори азиз!