Боздошти имоми масҷид бо иттиҳоми пайравӣ аз “Салафия”
Дар шимоли Тоҷикистон як имоми масҷиди панҷвақта бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” ва даъвати намозгузорон ба ин ҷараён дастгир шудааст.
Манбаи "Озодагон" аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, Илҳомиддин Абдуллоеви 42-сола дар масҷиди панҷвақтаи шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд имоматӣ мекардааст. Ба иттилои манбаъ, боздошти ӯ авоили моҳи сентябр сурат гирифтааст: "Нисбати Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад".
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2009 ҷараёни “Салафия”-ро мамнӯъ ва баъдан ифротӣ эълон кард. Дар аксар ҳолатҳо тафовути зоҳирӣ ҳангоми адои намоз ва пӯшидани либос ва баҳсу мунозираҳои мазҳабӣ аз омилҳои машкук шудани рафтори пайравани ин ҷараён дониста мешавад.