Қаҳрамонии ҷаҳон: Тоҷикистон дар финал Колумбияро шикаст дод (АКС)
Тоҷикистон қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба футбол миёни сафоратхонаҳо дар Маскав шудааст.
Мусобиқаи ғайрирасмии қаҳрамонии ҷаҳон, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Русия миёни сафоратхонаҳо роҳандозӣ шуда, он дар маҷмааи варзишии ба номи Эдуард Стрелтсови Маскав рӯзҳои 23-24 сентябр доир гаштааст.
Бино ба иттилои ВКХ, дар даври финалии мусобиқа, дипломатҳои тоҷик дипломатҳои Колумбияро шикаст додаанд: “Даври асосии бозии Тоҷикистон ва Колумбия 2:2 мусовӣ хотима ёфт, аммо бо задани зарбаҳои ёздаҳметра дипломатҳои тоҷик бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадаанд”.
Манбаъ афзуд, ки тими Вазоарти коҳои хориҷаи Русия зинаи панҷумро касб кард. Дар маҷмуъ дар мусобиқа сафоратхонаҳои 12 кишвар - Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Колумбия, Чин, Боливия, Ироқ, Қувайт, Муғулистон, Испания, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва ширкати телевизионии “МИР” иштирок кардаанд.