Қиссаи фоҳишахонаҳо ва пулкоркунии милисаи қалбакӣ дар Душанбе
Мақомоти милисаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 27-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда, ки қаблан барои қаллобӣ суд шудааст, худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз занон маблағ меситондааст.
Аз ҷумла тафтишот муайян намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2017, дар пойтахт зани 40-соларо дастгир намуда, худашро корманди милитсия муаррифӣ намудааст: “Баъдан, бо роҳи таҳдид, яъне барои паст назадани шаъну шарафи зани номбурда, ки гӯиё ӯ манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 700-сомонӣ талаб карда гирифтааст”.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳам ба ҳамин восита аз занони дигар, сокини 23-солаи пойтахт 800 сомонӣ ва зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе 1000 сомонӣ талаб карда, гирифтааст: “Айни замон муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.