Навори сурудхонии кӯдаки тоҷике дар бозор тайи рӯзҳои охир ба яке аз сербинандатарин навори бахши тоҷикии Ютуб табдил ёфтааст. Кӯдаки тоҷик дар васфи модар ва дӯстӣ суруд хонда, на танҳо дар бозор, балки дар шабакаи Ютуб низ тайи 4 рӯз беш аз 150 ҳазор мухлис пайдо кардааст. Навори сурудхонии ӯро беш аз 3 ҳазор нафар писандида, садҳо шарҳ навиштаанд.