Бархӯрди зил бо дарвоза бо марги соҳибхона анҷомид
Мақомоти милиса иттилоъ доданд, ки нисфирӯзи 22-юми сентябр ҷавони 20-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ зери дарвозаи хонааш ҷон додааст.
Тибқи иттилои ВКД тахминан соати 14:20-дақиқа, Асадулло Мамадмусоев, ронандаи 28-солаи “Зил”, дар деҳаи 1-уми Майи ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми автомашинаро ба қафо рондан, ногаҳон ба дарвозаи ҳавлии истиқоматии ҳамдеҳааш, марди 20-сола, бархӯрдааст: “Дар натиҷа дарвоза ба болои ӯ чаппа шуда, соҳибхона дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
ВКД афзуд, ки феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.