Э. Раҳмон ба соҳибкорони амрикоӣ: Дар Тоҷикистон кафолати ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз соҳибкорони амрикоӣ даъват кардааст, дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот бо соҳибкорони амрикоӣ рӯзи 21 сентябр Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон бозорест ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имкониятҳои фароху фаровони ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дорад.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад: “Дар ин замина, қонунгузории мамлакат дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонида шуда, дар он кафолатҳои ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидаанд”.
Ба иттилои Президент, танҳо тайи ду соли охир бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёда аз 100 санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла зиёда аз 40 қонунҳои нав қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд: “Бо мақсади сода гардонидани рафтуомади соҳибкорон дар кишвари мо навъи махсуси раводид - “сармоягузорӣ” ҷорӣ карда шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорон, мо аз механизми имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ ва дигар кафолатҳо васеъ истифода мебарем.Айни замон дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст”.
Раисҷумҳури дар идома гуфтааст, Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор аст. Номбурда иброз доштааст, ки то имрӯз миёни ду кишвар зиёда аз 30 санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки то андозае асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои моро тақвият мебахшад.
Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳур таъкид намудааст, айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 50 шахсони ҳуқуқӣ бо сармояи амрикоӣ ба қайд гирифта шудаанд: “Ин корхонаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сохтмон, алоқа ва хизматрасониҳои молиявӣ фаъолият дошта, мавқеи худро дар сохтори иқтисодии кишвар пайдо намудаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, итминон дорад, ки ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвар минбаъд низ густариш ёфта, ширкатҳои бузурги амрикоӣ ҳаҷми сармоягузориҳоро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зиёд хоҳанд кард.
Президенти Тоҷикистон афзудааст, ҳарчанд гардиши мол миёни ду кишвар тайи солҳои ахир рӯ ба афзоиш ниҳода бошад ҳам, ҳаҷми он қонеъкунанда нест ва имконоти ду кишвар дар ин арса васеъ буда, ҳанӯз пурра ба кор андохта нашудаанд. Раисиҷумҳури кишвар таъкид намудааст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода” аст ва мо аз ҳамагуна иқдомоту пешниҳодоти нек ва созандаи шарикони байналмилалиамон, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори муҳимтарини онҳо қарор дорад, ба хушӣ истиқбол менамоем.