Назарзода дар додгоҳ: Иттиҳомот сартопо беасос аст
Сайфиддин Назарзода, директори собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфтаст, санадеро, ки гӯиё “қонуни танзим”-ро нақз кардааст, беасос медонад ва онро қабул надорад. Назарзода имрӯз, 21 сентябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошта, ин санад саросема тартиб дода шудааст.
Дар як барномаи телевизионӣ Сайфиддин Назарзода дар он айбдор шуд, ки тӯйи писараш-- Фирдавсро 30 июл дар як тарабхона бо шумори меҳмонони аз меъёр зиёд баргузор намудааст. Як манбаи огоҳ аз қазия ба "Озодагон" гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ, ки имрӯз дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд, Назарзода гуфтааст, тӯйеро, ки дар борааш сухан меравад, қудояш созмон дод ва ӯ танҳо ба вай кумак расонд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин тӯй шахсан вай 77 нафарро даъват карда буд, ки ҳудуди 22 нафараш ба маърака наомад. Вай дар идомаи суҳбаташ таъкид намуда, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бидуни ҳузури кормандони Кумитаи дин, ки масъули назорати маъракаҳоянд, ба таври пинҳонӣ ба маърака омада, тӯйро сабт карда ва ҳатто ош хӯрдаанд. Аммо намояндаи оҷонсӣ гуфтааст, шахсан ош нахӯрда ва ошхӯрии ҳамкорашро ҳам надидааст.
Дар ҷараёни мурофиа, қудои Сайфиддин Назарзода ҳам суханҳои Назарзодаро тасдиқ карда, гуфтааст, қабл аз баргузории тӯй як корманди оҷонсӣ ба хонаашон омада, суроғаи баргузории маъракаро пурсидааст. Вай гуфтааст, дар маърака одами зиёде даъват нашуда буд. Дар ҳамин ҳол, намояндаи Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, рӯзи тӯй ҳамроҳи як корманди дигари ин ниҳод ба маърака рафта ва яке дар берун ва дигарӣ дар дохил ҷараёни онро назорат кардаанд. Ӯ таъкид намуда, ки аз рӯи мизҳои омодашуда ҳисоб кардем, ки теъдоди даъватшавандаҳо аз меъёри дар қонун нишондодашуда зиёд аст. Назарзода бо нишон додани аксҳои иштирокдорони маърака гуфт, баъзе одамон такрор ҳисоб шудаанд.
Додраси парванда идомаи мурофиаро ба фардо, 22 сентябр таъин кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 27 апрели соли равон дар ҷаласаи ҳукумат аз риоя нагардидани талаботи “қонуни танзим” аз сӯи мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар бештари маврид вайронкунандаҳои талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо мебошанд ва берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Он замон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.
Баъди дар телевизион ба намоиш баромадани барномае, ки дар он Сайфиддин Назарзода дар нақзи "конуни танзим" муттаҳам мешуд, ӯро аз мақоми директори Китобхонаи миллӣ барканор карданд. Ҳоло Абдусалом Мирализода ба ҳайси директори ин муассиса фаъолият дорад.