Шарҳи садамаи пурқурбонӣ бо иштироки 4 воситаи нақлиёт: Юсуфов қоидаро вайрон кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ бо иштироки 4 воситаи нақлиёт дар Истаравшанро, ки 6 куштаю 5 маҷруҳ барҷой гузошт, шарҳ дод.
Тибқи иттилои ВКД 20-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 12:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юсуфов Наимҷон Мирсаъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намудааст: “Юсуфов ҳангоми ба сабқат баромадани автомашинаи газкашони тамғаи “Чанган”, таҳти идораи Ниматов Сайдаҳмад Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Фархор, ба автомашинаи “Либеро”-и самти муқобил, таҳти идораи Улмасов Рустам Раҳматович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст”.
ВКД афзуд, ки дар пайи бархӯрд Ниматов, ронандаи “Чанган”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар он Усмонов Фахриддин Аҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Истаравшан савора буд, зер кардааст ва мошини худаш чаппа шудааст: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Либеро” Улмасов Р., ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Юсуфов Н. ва мусофирони дохили автомашина тамғаи “Опел-Зефира” Абдураҳмонова Муҳаррам Бобоевна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Сатторова Муътабар Бобоевна, соли таваллудаш 1975, шаҳри Бӯстон, Иззатова Руқиямоҳ Ҳукуматуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ш.Душанбе ва савораи харароба, Усмонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”: Эсоев Собит, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, Ҳасанова Малоҳат Бобоевна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Убайдуллоева Ойбону, соли таваллудаш 1963, сокини н.Б.Ғафуров, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Либеро” Муллоев Даврон Бурҳонович, соли таваллудаш 1961, сокини н.Ҷ.Расулов ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд”.
ВКД таъкид кард, ки феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.