Р.Эмомалӣ гулгашти 7,8 миллиониро ифтитоҳ кард (АКС)
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе шоми 19-уми сентябр пули роҳи оҳан ва автомобилгарди воқеъ дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Донишро, ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» азнавсозӣ шуд, ба истифода дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ маблағи умумии таҷдиди пул беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Бо навсозӣ гардидани пули роҳи оҳан ва автомобилгард ин мавзеъ чароғон гардида, роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби кӯчаи Аҳамди Дониш, бозсозӣ ва барои равуоӣ сокинон мувофиқ гардонда шудааст”.
Инчунин раиси Душанбе гулгашти бозсозишуда аз назди Истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд: “Гулгашти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра азнавсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллон сомониро дар бар мегирад”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ аз қавли масъулин афзуд, ки дар ҳудуди гулгашт фавораҳои ҳаракаткунанда бо мусиқӣ ва таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд: “4 фаввора, ки қаблан дар ҳолати ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра аз сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фавораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд”.
Манбаъ илова намуд, ки дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки бо хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд: “Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев бо Хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониби бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудаанд”.