Боздошти даҳҳо узви "олами ҷиноӣ"-и Тошканд давоми як ҳафтаи ахир
Дар шаҳри Тошканд тайи ду ҳафтаи ахир як қатор шахсиятҳои шинохтаи олами ҷиноии Узбакистонро, ки миёни сокинон ҳамчун "соҳибнуфузони хиёбонӣ" маъруфанд, ҳамроҳи даҳҳо шариконашон боздошт кардаанд.
Амалиёти боздошти онҳоро сардори Раёсати корҳои дохилии Тошканд Улуғбек Турсунов шахсан раҳбарӣ кардааст. Як манбаи наздик ба олами ҷиноӣ ва пулиси Тошканд гуфт, миёни боздоштшудаҳо "нигаҳбон"-и пойтахти Узбакистон Аббос Хоҷаев низ ҳаст. Ба иттилои пулис, Хоҷаев дар кӯшиши фурӯхтани 0,34 грамм ҳероин айбдор мешавад.
Ба гуфтаи як корманди РКД-и пойтахти Узбакистон, чанд рӯз пеш Бахтиёр Қудратуллоев, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби "Бахтии Тошкандӣ" ё "Бахтии Навободӣ" маъруф аст, дастгир шудааст. Вале пулис ӯро баъди бозпурсии чаҳорсоатӣ ҷавоб додааст.
Ба иттилои расонаҳо, боздошти аъзои олами ҷиноии Тошканд ба қазияи Муҳаммадҷон Қурбонов рабт дорад. Қурбонови 35-сола 9 сентябри соли равон дар ноҳияи Олмазори Тошканд мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст. Қурбонов, ки миёни сокинон бо лақаби "Маха" маъруф аст, яке аз дӯстони наздики Аббос Хоҷаев шумурда мешавад. Ба гуфтаи соҳибназарон, боздоштҳои ахир дар робита ба талоши "дуздҳои қонунӣ"-и рус сурат гирифтаанд, ки мехостанд, шахсиятҳои маъруфи олами ҷиноии Тошкандро маҳв кунанд.
Расонаҳо менависанд, баъди ду рӯзи боздошти Хоҷаев, 16 сентябр дар клуби шабонаи "Бренд"-и Тошканд "ҷаласа"-и намояндагони олами ҷиноии пойтахти Узбакистон баргузор ва масъалаи интихоби "нигаҳбон"-и нави Тошканд баррасӣ шудааст.