Ҳукумат замини “Зироаткорӣ”-ро барои васеъсозии фурудгоҳ дод
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд васеъ карда шавад.
Тибқи қарори ҳукумат аз ҳисоби заминҳои пажуҳишгоҳи “Зироаткорӣ”-и Академияи кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3,81 гектар барои васеъсозии фурудгоҳи Хуҷанд дода мешавад.
Фурудгоҳи Хуҷанд муваззаф шудааст, барои ҷуброни зарари хоҷагии қишлоқ 271 ҳазор сомониро ба буҷаи давлат супорад.