Русия: Парвандаи як ҷуфти бефарзанди тоҷик, ки навзоди узбакро харид, ба додгоҳ рафт
Муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди Узбакистон ва ду табааи Тоҷикистонро ба анҷом расонида, онро ба додгоҳ фиристодааст.
Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Петербург мегӯяд, нисбати ин афрод бар пояи моддаи “Хариду фурӯши одамон” парванда боз шудааст.
Ба фарзияи тафтишот, тобистони соли 2016 як зани ҳомилаи 28-сола аз Узбакистон барои ба ҷуфти бефарзанди тоҷик фурӯхтани тифлаш, ки бояд тирамоҳи ҳамон сол ба дунё меомадаст, розӣ шудааст: “Охирҳои моҳи октябр дар як утоқи воқеъ дар кӯчаи Бухарест навзодашро ба ҷуфти тоҷик супурда, бар ивазаш 11,5 ҳазор рубл гирифтааст”.