Рашк: Қатли ҳамсар ҳангоми хоб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-сола, сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми куштори ҳамсараш хабар дод.
Тибқи иттилои ВКД, дастгиршуда шаби 18 ба 19-уми сентябр, тахминан соати 00:45, ҳангоми хоб будани ҳамсари 43-солааш, аз ҳиссиёти рашк бо истифода аз арғамчин ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.