Ҳукумат: Нархи барқ барои ТАЛКО қимат намешавад
Ҳукумати Тоҷикистон бо тасдиқи болоравии нархи барқ аз 1-уми октябр таъкид намудааст, ки болобарии нархи барқ нисбати ТАЛКО татбиқ намешавад.
Ширкати алюмнийи тоҷик, “ТАЛКО”, ки қисми зиёди барқи тавлиди кишварро бо нархи арзонтар аз аҳолӣ мегираду феълан калонтарин корхонаи қарздор аз барқ мебошад, тибқи иттилои масъулини “Барқи тоҷик” ҳоло 1 киловат нерӯи барқро дар фасли тобистон бо нархи 7,2 дирам ва дар фасли зимистон 11,8 дирам мехарад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои “Барқи тоҷик” арзиши аслии миёнаи ҳар киловат нерӯи барқ тайи нимсолаи гузашта ҳудуди 12,9 дирамро ташкил дод ва барқ ба калонтарин корхонаи истеъмолкунандаи барқ арзонтар аз арзиши аслии он фурӯхта мешавад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъ дод, ки ТАЛКО аз барқ 437,3 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Ахиран “Барқи тоҷик” эълон кард, ки аз 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд мегардад: “Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт".
«Барқи тоҷик” таъкид намуд, ки тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад: “Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд”.