(АКС+ВИДЕО) Ду ҳодиса дар Душанбе: “Камаз” чаппа шуд, “Опел” оташ гирифт
Баъд аз зуҳри имрӯз, 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ду сониҳаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар гардиши Сирк як боркаши “Камаз” чаппа шуда, дар гардиши Яккачинор як сабукрав оташ гирифт.
Хабарнигори “Озодагон”, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, дар пайи ин ҳодисаҳо касе осеб надидааст: "Ба гуфтаи шоҳидон дар дохили “Камаз” тунука будааст, ҳангоми тоб хурдани гардиш яктарафа шуда, чаппа мешавад. Аммо сабаби оташ гирифтани “Опел Астра” маълум нест. Як корманди пулис дар суҳбат ба мо гуфт, сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад”.
Хабарнигори “Озодагон” афзуд, мошини “Опел Астра” пурра сӯхтааст. "Кормандони пулис ва хадамоти оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳузур доранд".