Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 сентябр ба Амрико парвоз кард.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳадафи ин сафарро иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири умури хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва чанд тан аз шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар расми ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод иштирок намуд, аз пойтахти Туркманистон ба Ню-Йорк рафтааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар Ашқобод бо роҳбарони Туркманистон, Покистон, Узбакистон ва Қазоқистон дидору гуфтугӯ доштааст.