Қурбонбой Каримов, райиси ноҳияи Фархор ба хабаргузории «Озодагон» гуфт,аз 30 ҳазор сар гӯсфанди хушзот ҳоло ҳамагӣ 9 ҳазор боқӣ мондаасту бас: «Ба болои нобуд шудани даҳҳо ҳазор сар гӯсфанд, хоҷагӣ тайи ин муддат аз андоз қарздор шуда, қарзаш 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад».
Дар ҳамин ҳол, Каримов мегӯяд, бо иваз гаштани сардори хоҷагӣ ҳам, қудрати ин ташкилот барои пардохти ҳақи андоз намерасад. Ба гуфтаи ӯ, чорводорӣ дар аксари маврид соҳаи фоидаовар ба ҳисоб намеравад ва усулан хароҷоти он аз ҳисоби давлат роҳандозӣ мегардад. Аммо дар ҳоли ҳозир, бо иллати камбуди маблағи буҷа, давлат ҳам наметавонад ба ин соҳа кӯмак намояд.