Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон мешавад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ аз 23 то 27 сентябр доир мешавад. Ба ҳайати эҷодии Русия, ки ба Душанбе меояд, Ансамбли давлатии академии рақсии “Алан” ва гуруҳии созии “Триои Консерваторияи Москва” шомиланд.
“Ифтитоҳи ботантанаи рӯзҳои фарҳангии Русия дар Душанбе 24 сентябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст. Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи “Русский север” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии тоҷику рус аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд”,-афзуд манбаъ.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ба шаҳри Норак низ сафар намуда, барномаи консертӣ пешниҳод менамоянд.