Боздошти Холиқов, вакили дифоъ барои қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Равшан Холиқов, узви коллегияи адвокатҳои “Кафолат” хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод Равшан Холиқов, ки ҳамагӣ 4 моҳ - аз 9 апрели соли 2016 то 20-августи соли 2016 ҳамчун узви коллегияи адвокатҳои «Кафолат»-и Тоҷикистон кор кардааст, бо роҳи фиреб 8 ҳазор доллари шаҳрванд Қушмуродов Б.-ро гирифтааст: “Барои гуё ба воситаи мақомоти судӣ тағйир додани ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва кам кардани муҳлати ҷазои ҷиноятии нисбати бародараш таъингардида аз Қушмуродов 8 ҳазор доллари амрикоиро ғайриқонунӣ гирифта, ба манфиати ӯ ягон амалро иҷро накарда, маблағро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст”.
Оҷонсӣ афзуд, ки нисбати Равшан Холиқов бар асоси моддаи 247 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.