Беш аз 2 кило ҳероин мусодира гардид
Дар назди дидбонгоҳи «Шарора»-и БДА дар ноҳияи Рудакӣ аз автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» маводи сахтаъсири ҳероин дарёфт гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ронандаи автомашинаи тамғаи мазкур, ки рақами давлатиаш ЕМ 41-11 01/РТ буд, ҳудуди 2 килограмму 606 грамм маводи нашъадор мусодира шуд.Шахсияти сарнишини мошин низ маълум гашт, ки ӯ Восеъҷон Азизов, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ваҳдатобод будааст. Алъон, дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад