Ваколати се вакили Маҷлиси вакилони Душанбе пеш аз муҳлат қатъ мешавад
Ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои худро қабл аз муҳлат қатъ мекунанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67 дар иҷлосияи дувоздаҳуми ин маҷлис баррасӣ хоҳад шуд. Фазлиддин Маҳмудов (аз ҳавзаи 58) ва Ситора Шерова (аз ҳавзаи 67) ваколати худро бо хоҳиши худ қатъ мекунанд. Ваколати Тоҳира Мирзоев (ҳавзаи 61) бо далели марги ӯ қатъ мешавад.
Бо қарори Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум соати 09:00-и 25 сентябр баргузор мешавад. Вакилон ҳамчунин масъалаи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67-ро ба баррасӣ мегиранд.
Ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои қарори раиси пойтахт “Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе” ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе низ ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудааст.