Норозигии Хайрзодаю Беназирзода аз ҳукми Додгоҳи Олӣ
Давлатбек Хайрзода ва Фариддун Беназирзода, собиқ мақомдорони воломақоми Оҷонсии зидди фасод аз ҳукми Додгоҳи Олӣ, ки онҳоро барои 10,5 солӣ равонаи зиндон кард, норозиянд.
Тавре аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Хайрзода, Беназирзода ва Нозимзода.А дар шикояти кассатсионияшон ҳукми додгоҳи олиро сангин хонда, хостори баррасии мунсифонаи парвандаашон шудаанд.
Дар назар аст, ки 19 сентябр коллегияи Додгоҳи олии кишвар шикояти кассатсионии маҳкумшудаҳои норозиро баррасӣ намояд.
Додгоҳи олӣ, моҳи июл Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фариддун Беназирзода, собиқ муовини раиси идораи гумруки Хуҷандро бар асоси моддаи 319, қисми 4, яъне гирифтани пора ба миқдори калон барои 10,5 солӣ равонаи зиндон намуда буд.