Созиш бо Бритониё барои табдили Душанбе ба “шаҳри ҳушманд”
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), табдили Душанбе ба шаҳри ҳушманд ё “Smart City”-ро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ зимни мулоқот коршиноси бахши хусусии DFID, Девид Эллиот изҳор дошт, ки барномаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, ба рушди инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.
Нуралиев дар навбати худ муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд» таваҷҷӯҳ зоҳир карда, самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдоми инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро таъкид намуд.
Зимни мулоқот инчунин имкониятҳои боз ҳам фарохтар намудани барномаи мазкур ва пайваст кардани дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба он муҳокима гардидаанд.