Чарх кафиду “Мерседес” ба дарё рафт. Ронандаро аз марг наҷот доданд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як ҷавони 23-соларо аз хатари марг наҷот додаанд.
Торнамои ин кумита менависад, ҷавон дар пайи садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб афтидааст: “Ҳодиса рӯзи 13 сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд чархи мошини сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс” ногаҳон кафид. Дар ин ҳол дар мошин ронанда танҳо буд. Ба шарофати амали фаврӣ ва рафтори ҷавонмардонаи наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи Ситоди КҲФ-и шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки ронандаи 23-сола фавран аз об берун кашида шавад”.
Манбаъ меафзояд, барои ин ҷавон ёрии аввалияи тиббӣ расондаанд, аммо бистарӣ шудан дар бемористонро рад мекунад, чун ниёз ба табобат надошт: “Баъдан бо талоши кормандони наҷоти Кумита мошин низ аз об берун оварда шуд”.
Ба иттилои расмӣ шурӯъ аз аввали соли 2017 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 10 ҷабрдидаи садамаҳои нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот додаанд.