Мизони меҳмоннавозӣ: Тоҷикистон мақоми 96-ум гирифт
Тоҷикистон дар раддабандии мизони меҳмоннавозӣ “Passport Index” мақоми 96 гирифтааст.
Гузориши “Passport Index” бар асоси теъдоди кишварҳое таҳия шудааст, ки сокинони он метавонанд бидуни раводид ба ин ё он давлат ворид шаванд. Дар садри гузориш 14 кишвар, аз ҷумла Молдив, Мозамбик ва Мадагаскар қарор доранд, ки иҷозат додаанд, шаҳрвандони 198 кишвари дунё бидуни раводид вориди қаламравашон шаванд.
Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҳамагӣ 9 кишвар низоми бераводидро иҷозат додааст ва баробари Узбакистон дар мақоми 96-ум ҷой гирифтааст.
Миёни кишварҳои минтақа Қирғизистон пешсаф мебошад, ки бо 81 кишвари дунё низоми бераводид дораду дар мақоми 60-ум ҷой гирифтааст.
Афғонистон, Кореяи шимолӣ, Сомалӣ, Сурия ва Туркманистон дар охири раддабандӣ қарор доранд, чун ин кишварҳо иҷозат намедиҳанд, ки хориҷиҳо бидуни раводид вориди қаламравашон шаванд.