Вазорати маориф: Китобфурӯшҳо сӯиистифода ва қонуншиканӣ мекунанд...
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон камбуди китобҳои дарсӣ дар бархе аз макотиби кишварро тасдиқ карда, онро ба кори сусти дастгоҳҳои чопии кишвар рабт дод.
Комил Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 13 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дилхоҳ китоби дарсӣ, аз ҷумлаи китоби забони модарӣ барои хонадагони синфи 2 бо теъдоди 160 ҳазор нусха чоп мешавад: “Чопхонаҳое, ки бо чопи китоб машғуланд наметавонанд ба якборагӣ 160 ҳазор китобро нашр кунанд. Дар аввал 20-30 ва ё 40 ҳазор китобро тариқи қисм-қисм чоп карда, ба вазорат оварда месупоранд. Мо наметавонем дар як муҳлати кӯтоҳ китобро ба ноҳияҳо тақсим кунем. Вобаста ба воридот тақсим мешавад”.
Ба гуфтаи Исоев барои 160 ҳазор китоб 2 вагон қоғаз лозим мебошад, ки ҳамаашон дар дохили кишвар чоп мешаванд: “Барои саривақт чоп шудан мо бояд соҳиби технологияҳои нав бошем. Тариқи технологияҳое, ки мо дорем барои 200 ҳазор китобро чоп кардан 9 моҳ вақт лозим аст. Мешавад рӯзе, ки дар кутоҳтарин фурсат китобҳоро чоп мекунем. Имконият ва шароит лозим аст барои ин”.
Исоев зикр кард, ки барои хонандагони мактабҳои миёна 40 номгӯи китобҳо бо маблағи 32 миллион сомонӣ чоп мешавад ва қисмати чопшудаи китобҳо пас аз тасдиқи вазир, ба шӯъбаҳои маорифи 68 шаҳру навоҳӣ тибқи дархости онҳо фиристода мешавад: “Ҳоло ҳам тақсимот идома дошта, як қисми ноҳияҳо китоби забони модариро дастрас накардаанд. Мо ҳеҷ вақт тавсия намедиҳем, ки волидайн рафта, аз бозор бо арзиши 40 сомонӣ як китобро харидорӣ кунанд”.
Исоев таъкид кард, ки то ҳол 100 ҳазор китоби забони модарӣ барои хонандагони синфҳои 2 чоп шудааст ва боқимондааш дар муҳлатҳои муайян чоп мешавад. Ба суоли он ки оё хонандагон метавонанд аз китобҳое, ки солҳои қаблӣ чоп шудаанд, истифода баранд, ҷаноби Исоев гуфт, “бале, гарчанде, ки кӯҳна ҳам бошанд, вале вазорат онҳоро инкор накардааст”.
Масъули Вазорат дар мавриди ба иҷора додани китобҳо дар мактабҳои миёна гуфт, “ҳукумати кишвар ба хотири дастрасӣ доштани тамоми аҳолӣ бо китоб, китобҳоро ба иҷора медиҳад. Аз ин рӯ фурӯши озоди китобҳои дарсӣ манъ мебошад”.
Ӯ гуфт як китоб дар соли аввал ба маблағи 34 фоизи нархаш ба хонанда иҷора дода мешавад ва ба ҳамин тариқ давоми 3 сол маблағи китоб ҷамъ шуда, ба Вазорати маориф ва илми кишвар бармеградад: “Бар ивази ин пул боз китоб чоп мешавад ва агар китоб қобили истифода бошад бақияи иҷора моли худи муассаи таълимӣ мебошад”.
Исоев аз волидайн даъват кард, ки ҳангоми ба иҷора гирифтани китоб сана, соли барориш ва нархи онро талаб кунанд. Ба гуфтаи ӯ афроде ҳаст, ки бо истифода аз номи Вазорати маориф ва илм, ки гӯё “нархро вазорат муайян кардааст”, сӯиистифода мекунанд: “Ҳамаи гуноҳро ба дӯши вазорат напартоянд. Дар ҳоли ҳозир Прокуратура ва Кумитаи амнияти миллӣ ҳамарӯза 2-3 нафари онҳоеро, ки бо фурӯши ғайриқонунии китоб машғуланд боздошт карда истодааст ва онҳо тибқи қонун муҷозот мешаванд”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран норасогии китоб, махсусан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва нархи гарони он дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Чанд тан аз волидайни хонандагони синфҳои 2-и мактабҳои миёнаи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии хусусан китоби забони модарӣ шикоят карданд. Инчунин Комрони Аслон, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар хитоб ба Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон навиштааст: “Китоби дарсии " Забони Модарӣ" синфи 2 нархаш 35 сомонӣ аст, ки ин барои писари деҳқон ё муҳоҷир хело гарон аст. Дар пушти ин китоби "муқаддас" моликияти давлат навиштаанд. Агар соҳибкоре барои манфиате ба даст орам гуфта чунин нарх мегузошт, мегуфтем хуб, аммо давлат чунин нарх гузоштааст. Муҳтарам Вазири маориф ҷаноби Нуриддин Саид чаро чунин аст? Модом ки китоб китоби давлатист, пас ба тамоми китобхонаи мактабҳои кишвар фиристед! Чаро бояд дар ба дари мағозаҳо волидайн сарсону саргардон шаванд? Муҳтарам Вазир шумо ва шумобаринҳо ҳар нархе, ки фурӯшанда гӯяд мехаред, вале ҳама вазиру раис нестанд ку?”