Шарҳи “Барқи тоҷик” дар бораи болобарии нарх: Камбағалҳо зарар намебинанд...
Ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 13-уми сентябр бо пахши як иттилоия тасдиқ кард, ки аз 1-уми октябр нархи як киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ 2,2 дирам боло меравад.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” тағйироти мазкур дар асоси қарори аз 29 августи соли 2017 № 412 амалӣ мешавад: “Аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд мегардад. Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт".
«Барқи тоҷик” таъкид намудааст, ки тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад: “Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд”.
Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” изҳор дошта буд, ки ширкаташон барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад.