Соли 2011 низ мисли солҳои гузашта барои ман ҳам шодиву фараҳ ва ҳам маҳзуниву андуҳ овард. Мисли ҳар инсон чизеро пайдо кардам ва чизеро аз даст додам. Фалсафаи зиндагӣ аслан инсонро ба ду бахш қисмат мекунад, теъдоде баста ҳастанд ва теъдоде раста. Агар некӣ кардӣ, хайр кардӣ раста ҳастӣ ва агар ба ту некӣ карданд ва дасти ту бигрифтанд бастаӣ. Хеле мехостам, ки дар мақоми растагон бошам.
Соли равон шояд иддае соҳиби пулу мол, мансаб қасру кушк шуданд, вале ман соҳиби чанд дӯсти дигар шудам ва як китобе ҳам барои нашр омода кардам. Ҳамин тариқ имсол шояд чанд нафар барои пулу мол, мансаб, қасру кушки аз даст рафтаашон гиря карданд, вале ман барои ду шахси бароям хело азиз, ки ба ҷавори Ҳақ пайвастанд, ашки ҳасрат рехтам.
Яке устоди раҳнамои ман, Абдулманнони Насридин буд, ки равонашон шод бод аз маъруфтарин олимони соҳаи адабиётшиносии кишвар ва барои банда тимсоли "Инсони Комил" буданд. Дигарӣ дӯст ва бародари арҷмандам Абдураззоқ Олимов, ки беҳтарин фазилатҳои инсониро соҳиб буд. Чизе имрӯз ба ман нарасад ин насиҳат, маърифат, донишу фаросати эшон аст. Ин ҷо гумон мекунам аз дигарон бештар бохтаам.