Назарзода муҷозот шуд, дигарон барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат гирифтанд
Раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сардори Раёсати ақибгоҳи ин кумитаро муҷозот кардааст.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар суҳбат ба “Озодагон” далели ба муҷозоти интизомӣ кашидани Зоиршо Назарзодаро “барои ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти корӣ” унвон кард. Ӯ гуфт, ин муҷозот 11 сентябр дар ҷаласаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳузури генерал Рустам Назарзода, раиси Кумита, таъин карда шуд. Хонум Юсупова афзуд, коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин барои ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолиятҳои фавриву хидматӣ ба бархе роҳбарони раёсату шӯъбаҳо барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлатҳои мушаххас дод: “Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз зертобеъон риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита дар иҷрои вазифаҳо ва масъулиятҳои амалкардро талаб кард”.
Умеда Юсупова мегӯяд, дар ин ҷаласа масъалаҳои омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита ба давраи тирамоҳиву зимистонӣ, натиҷаи фаъолиятҳои Раёсати ақибгоҳи Кумита мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.