Тавре ба хабарнигори маҳалии «Озодагон» манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод, ин ҳодиса шаби гузашта, 28-уми декабр рух дод.
Сарчашмаи хабар гуфт, дар назди хонаи истиқоматии худ, дар мошинаи шахсӣ сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд Юлдош Бурҳонов ва писари 28-солаи ӯ- Фарҳод Бурҳонов дар натиҷаи ҳамлаи шахсони номаълум аз тири мусалсали Калашников ба ҳалокат расидаанд. Аз маҳалли ҳодиса маблағҳои пулии мақтулон, ки ҳар ду корманди нуқтаи ивази асъор дар бозори «Панҷшанбе» буданд, ғайб задааст.
Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандааи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 2 ( куштор)- КҶ ҶТ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.