Чорбоғ: Ноболиғ бо зарби корд ҷавони 22-соларо кушт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти писарбачаи ноболиғ хабар дод, ки дар қатли ҷавони 22-сола муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВКД ба мақомоти милиса марди 23-сола, сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат карда, арз доштааст, ки тахминан соати 18:15-и рӯзи 10-уми сентябр, дар деҳаи Шодобаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, шахси номаълум додараш, ҷавони 22-соларо бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд ба дилаш як зарба задааст: “Дар натиҷа бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини деҳаи Шодоба, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд: “Корд ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”.