Ин дар ҳолест, ки Ҳамид Абдуллоев, райиси шаҳри Кӯлоб дар ҷаласаи навбатии вакилони халқ рӯзи 27-уми декабр дар маълумотномааш барои вакилони мардумӣ гуфт, дар ҳамаи ноҳияи Кӯлоб ҳатто як гармхона барои истеҳсоли маҳсулоти полезии зери плёнкавӣ вуҷуд надорад: «Омор ба муваффақиятҳо ноил гаштани кишоварзонро нишон медиҳад, аммо бозор муайян менамояд, ки деҳқонон то куҷо ва ба чӣ музаффарият расидаанд. Бозор муайян мекунад, ки соҳаи кишоварзӣ дар кадом сатҳ аст. Нархи дилхоҳ маҳсулот, чӣ полезиву чӣ сабзавот на танҳо паст намефарояд, ки ҳамарӯза боло меравад. Нархи 1 кг помидор дар бозор 20 сомонӣ қиммат дорад. Ягон гармхона барои парвариши сабзавоту полезӣ дар ҳамаи ноҳия нест. Ҳол он, ки ҳатто дар навоҳии кӯҳистони ҳамсояи Шуроободу Муминободу Ховалинг, ки хунуктарин навоҳӣ дар минтақаанд, гармхонаҳо бунёд кардаву парвариши маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Аммо дар Кӯлоб несту дар ҳисобот он вуҷуд дорад».
Зимнан, ба гуфти Файзалӣ Қурбонов, муовини райиси шаҳр дар ноҳияи Кӯлоб дар майдони беш аз 3,25 гектар гармхонаҳо бунёд кардаанд.
Бояд гуфт, омори ба қавли Абдуллоев нодуруст то ба ҳукумати вилоят, баъдан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва ахиран то президенти кишвар хоҳад расид. Яъне, масъулини омору муовини аввали райиси шаҳр бо омори дурӯғин президентро фиреб доданианд?