Сокини Душанбе хонаи марди солхӯрдаро бепул гирифтааст
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе як сокини 40-солаи ноҳияи Синоро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда моҳи марти соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 62-солаи сокини пойтахт даромада, хонаи дуҳуҷрагии ӯро гирифтааст: “Муттаҳам ваъда додааст, ки ба ивази хона 28 ҳазор доллари амрикоиро пардохт мекунад, аммо то ҳол маблағашро надодааст”.
Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.