Ноболиғ аз трактор афтида ҷон додааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки дар пайи он як писарбачаи 10-сола ҷон додааст.
Тибқи иттилои ВКД 10-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 19:10-дақиқа, трактори боркаши тамғаи “Белорус-82”, бо 2-адад ядак, таҳти идораи ронанда, Мардонов Азизбек, сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз самти деҳаи Қавралӣ ба самти деҳаи Чорсада-1 ҳаракат доштааст: “Ронанда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазор бехатарии ҳаракати роҳро риоя накардааст. Дар натиҷа ноболиғ, Ғаниев Шералӣ Заҳматович, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Чорсада-2, ки дар қисми қафои ядаки якуми трактори мазкур савор буд, ба замин афтидааст ва дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
ВКД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.