Ҷароҳати куҳнаварди рус дар наздикии Сарез
Чархболи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон як куҳнаварди маҷруҳи русиягиро аз наздикии соҳилҳои кӯли Сарез ба Душанбе интиқол додааст.
Тибқи иттилои Ярослав Рошупкин, масъули робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Русия, куҳнавард, ки дар ҳайати як гуруҳи 6 нафарӣ аз Маскав дар баландии 5 ҳазор метр дар куҳҳои Помир қарор доштаст, ба поин сарозер шуда, ҷароҳат бардоштааст: “Дар пайи муроҷиат ба ҳайати фармондеҳии пойгоҳи 201 чархболи низомӣ барои кӯмак фиристода шуд”.
Манбаъ афзуд, сутунмуҳраи ҷабрдида осеб дидааст ва ӯ дар бемористони пойгоҳи 201 бо табобат фаро гирифта шудааст: “Вазъаш муътадил мебошад”.