Тавре ба «Озодагон» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт дар кӯчаи Зарафшон, дар назди истгоҳи мусофиркашии самти Душанбе-Турсунзода Сангимоҳ Чалишеваи 46 сола, сокини кӯчаи Н.Хувайдуллоев дастгир карда шудааст. Зимни кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазнаш 2 килограмму 942 граммро ташкил медод, дарёфт гардид.
Айни замон оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.