Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дастур дод, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кӯмакҳои хайрия расонда шаванд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимнан роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон ёрдам намоянд. Ҳамчунин аз соҳибкорону тоҷирон ва дигар ашхоси сарватманду саховатпеша даъват карда шуд, ки ба корҳои хайрия ҳамроҳ шаванд.
Райисҷумҳур таъкид кард, ки аҳолии ниёзманди кишвар бояд натанҳо дар арафаи иду ҷашнҳо, балки пайваста мавриди ғамхорию дастгирии мардуми саховатманд қарор дошта бошанд.
Гуфта мешавад, ин тасмим пас аз ташрифи президент ва мулоқоти ӯ тарбиягирандагон ва омӯзгорони «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон» рӯзи гузашта аз сар гирифта шуд.