Набераи Назарбоев гуфт, бобояш ӯро аз маводи мухаддир наҷот дод
Ойсултон Назарбоев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Фейсбук ба таври ошкоро чи гуна ба маводи мухаддир муътод шуданашро нақл карда, ҳамчунин гуфт, бобояшу Xудованд ӯро аз ин бадбахтӣ наҷот доданд.
“Худоро шукр, ки тасмими дуруст гирифтам ва ба бобоям эътироф кардам. Агар президенти дигар мешуд, шояд дар ин гуна ҳолатҳо талош мекард, ин қазияро пинҳон дорад ё аз ӯ халос шавад. Вале Нурсултон Назарбоев ин корро накард. Ӯ ҳам бобову ҳам падари воқеӣ аст. Аввалин чизе, ки гуфт, ин буд: "Офарин, ки содиқ ҳастӣ. Бемории вазнин аст, аммо ту аввалину охирин нестӣ. Ту метавонӣ онро шикаст диҳӣ”, - навишт Назарбоеви хурдӣ дар Фейсбук.
Ба гуфтаи Назарбоев, ӯ баъди марги бобояш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ба як ҳолати вазнини равонӣ қарор гирифта, ба маводи мухаддир муътод шудааст.
“Аз ҳаёт якбора ду зарбаи сахт хӯрдам. Ойсултони ҷавон он замон фишорхӯрдатарин одами саёра буд. Дар он ҳолат омода ҳастӣ, ки бе дасту пой бимонӣ, вале он дарди бераҳму шафқатро ҳис накунӣ. Бароям ин ҷанг -- мубориза бо худ хеле вазнин буд. Ё таслим мешавӣ ва ором мемирӣ ё тамоми нирӯи худро ҷамъ карда, барои зиндагӣ ва хушбахтӣ меҷангӣ. Як ҷиҳоди воқеии дохилӣ буд. Хушбахтона рушноӣ дар баробари торикӣ ҳамеша ғалаба хоҳад кард”, - афзудааст ӯ.
Ойсултон Назарбоев писари Роҳат Алиев ва Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон буда, 27 сол дорад.