Дар шимоли кишвар 5 нафар ба ҷазои ҳабси абад маҳкум шуданд.
Онҳо бо иттиҳоми даст доштан дар амалиёти террористӣ, ки 3 сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд, дар назди бинои идораи шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили РКД-и вилоят ба амал омада буд, гунаҳкор дониста шуданд.Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар додгоҳи вилоятӣ иттилоъ доданд, дар боздоштгоҳи №2-и шахри Хуҷанд баррасии парванадаи ҷиноӣ нисбати 53 нафар ба итмом расид: «Ин афрод ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили терроризм, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, убури гайриқонунии сарҳади давлатӣ ва ғайраҳо гунаҳкор дониста шуданд».
Манбаъ ҳамчунин гуфт, аз ин теъдод 12 нафар дар даст доштан дар амалиёти террористӣ гунаҳкор дониста шуда, 5 нафари онҳо ба ҷазои якумра маҳкум шуданд, боқимонда 48 нафари дигарашон аз 8 то 30- солӣ махрумият аз озодӣ маҳкум гардиданд.
Ёдрас менамоем, субхи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди бинои идораи ШММЗҶМ ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд таркиши сахте ба амал омада буд, ки дар натиҷа худи террорист ва 3 нафар кормандони милиса ба ҳалокат расида, 26 нафар кормандони мақомот ва 3 тан аз сокинони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.