6 голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Қазоқистон-2
Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дидори аввали худро дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ анҷом дод. Ин бозӣ 4 сентябр баргузор шуд.
Футболбозони тоҷик ба дарвозаи дастаи Қазоқистон-2 шаш голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Ҷонибек Шарипов, Рустам Соиров (2 голӣ), Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расонданд.
Зуҳри имрӯз, 5 сентябр мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбакистон қувва меозмоянд.
Дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон 8 даста дар ду гуруҳ бо ҳам рақобат мекунанд.
Ин сабқат барои тими наврасони Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба даври интихобии чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 20 то 24 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад.