Ҳомид Карзай, райисиҷумҳури Афғонистон, дар робита ба тағйири мавқеъи кишвараш гуфт, ки ин тасмим бо талоши расидан ба оштии миллӣ бастагӣ дорад. Толибон ин хабарро ҳанӯз ташреҳ накардаанд.Чанде пеш Кобул ба нишони эътироз аз он ки мавзӯъи боз кардани намояндагии “Толибон” аз сӯи Амрикову Олмон бидуни ширкати Афғонистон баррасӣ мешавад, сафири худро аз Қатар бозхонда буд.