Дархости СММ барои қатъи озори мусалмонҳо дар Бирма
Кумитаи ҷаҳонии хадамоти универсалӣ (Unitarian Universalist Service Committee) аз Ҳукумати Бирма даъват кардааст, ки тавсияҳои асосии Кофӣ Аннан, собиқ дабири кулли СММ-ро вобаста ба ҳалли вазъияти Рохин ба инобат бигирад.
Тибқи иттилои СММ тайи 5 рӯзи охир, то 30-юми август, теъдоди мусалмононе, ки аз Мянма ба Бангладеш фирор кардаанд, ба 18,500 нафар расид. Ба иттилои Идораи байналмилалии муҳоҷирати СММ инчунин ҳазорон нафар наметавонанд вориди Бангладеш шаванд.
Бахши форсии BBC иттилоъ додааст, ки як ҳайати таҳқиқи байналмилалӣ аз давлати Бирма хостааст, маҳдудиятҳоро алайҳи ақаллияти мусулмони Рохин (Рӯҳинго) лағв кунад.
Ин ҳайат, ки сарпарасти онро Кофӣ Аннан, дабири кулли пешини СММ ба уҳда дорад, изҳор доштааст, ки давлати Бирма бояд ба мусулмонони ин иёлот озодӣ дода, барои онҳое, ки аллакай хоки Бирмаро тарк кардаанд, имконияти бозгаштро фароҳам орад. Ин ҳайат ба давлати Бирма ҳушдор додааст, ки бархӯрди хушунатомез бо мусалмонони Рохин метавонад боиси гароиши онҳо ба сӯи гурӯҳҳои тундрав шавад.
Дар пайи оғози амалиёти "мубориза бо терроризм"-и артиши Бирма аз иёлоти Рохини ин кишвар наздик ба навад ҳазор сокин фирор кардаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар артиши Бирмаро ба шиканҷаи густурда, қатл ва таҷовуз муттаҳам мекунанд.
Мақомоти Бирма мегӯянд, мусулмонони иёлоти Рохин, шаҳрванди Бирма набуда, онҳо аз дигар ҷой ба ин минтақа кӯчидаанд ва ба онҳо табаият дода намешавад.
Низомиёни Бирма ҳамлаи гуруҳи шибҳанизомӣ ба постҳои марзии ин кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта рух доданду чандин кушта барҷой гузоштанд, кори дасти мусалмонҳо арзёбӣ карда, амалиёти густурдаи поксозиро роҳандозӣ намудаанд.