Э.Раҳмону Ч.Дэсзян аз ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Чин дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм гуфтаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад, бо Чжан Дэсзян, раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Чин мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин мулоқот имрӯз, 31 август сурат гирифта, дар ҷараёни он вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд: “Тавре таъкид гардид, дар давоми солҳои барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ҳарду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ин ҳамкориҳо таъсис дода шудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, нақши парлумонҳои ҳар ду давлатро дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид кардаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои худро баён доштаанд. Ҳамдастии парлумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳое будаанд, ки дар ин мулоқот матраҳ гардидаанд.