Маврид ба зикр аст, ки як чунин маҷлисҳои вакилони мардумӣ дар кулли навоҳии вилояти Хатлон доир мегарданд. Зимни иштирок дар ин ҷаласаҳо гумон мекунӣ, ки вакилони халқӣ ё пешакӣ масъалаҳои пешниҳодшударо муҳокима кардаву ба мувофиқа омадаанд, ё қудрати муҳокимаронӣ надоранд ва ё дар ин ҳолат аз касеву чизе ҳарос доранду бе ягон зиддият ва бетарафӣ масъалаҳои пешниҳодшударо қабул менамоянд: « Аҷобат ин аст, ки нақша ё худ дурнамои буҷаи маҳаллиро дар мавриди даромад ва хароҷоти он дар Ҳукумати вилояти Хатлон тарҳрезӣ намуда, баъдан онро барои тасдиқ ба маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамоянд. Дар ин маврид, ба иқрори масъулини шаҳру навоҳӣ, ки воқеан аз ин тарзи нақшабандӣ норозианд, масъулини вилоятӣ бо мақомоти навоҳӣ дар мувофиқа намешаванд»
Манбаъ афзуд, дар иҷлосияи вакилони халқи Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, райиси шаҳр бо таассуф мегуфт, ки нақшаи даромади андози давлатиро барои шаҳри Кӯлоб дар ҳукумати вилоят якбора ба 33 фойиз дар қиёс ба соли 2011-ум баланд бардоштаанд, ки он хеле гарон аст: «Вале мо ончунон бояд кору фаъолият кунем, ки на танҳо 33 фойиз, балки боз 33 фисади дигар ҷамъоварии андозро зиёд гардонем».
-Дар кори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ситора Шерова, муовини райиси ҳукумати вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд,-илова кард хабарнигори маҳаллии «Озодагон».