Милисаҳо ҷашни мавлудро мотам карданд: Оғози парванда алайҳи омилони марги Дӯстов
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи марги Толибҷон Дӯстов, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба зидди шиканҷа хабар дода, афзуд, ки додситонии кулли Тоҷикистон қонуншикании кормандони милисаро тасдиқ кард. Дар посухе, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлатова Меҳрӣ, модари марди марҳум ироа кардааст, чунин омадааст: “Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст”.
Аммо наздикони Дӯстов исрор мекунанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд барои шиканҷа оғоз карда мешуд. Давлатова афзудааст, дар қарори Прокуратураи генералӣ инчунин ҳодисаи аз ҷониби ҳамон кормандони милитсия мавриди ғайриқонунӣ дастгир намудан, латукӯб ва азоби руҳӣ қарор гирифтани ду сокини ноҳияи Шаҳритуз зикр карда мешавад.
Толибҷон Дӯстов рӯзи 26 июл дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази ноҳияи Шаҳритӯс боздошт ва баъди гузашти чанд соат пайвандону наздикон дар бемористони ноҳияи Қабодиён ҷасади ӯро дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи Меҳрӣ Давлатова, модари марҳум, як рӯз пеш аз боздошт ӯ 50-солагиашро ҷашн гирифта, дар бораи боздошти писараш ба ӯ дӯсташ хабар додааст. “Ӯ ба ман занг зада, изҳор дошт, ки вақте дар қаҳвахона менишастаанд, кормандони милитсия омада, Толибҷонро бо худ мебаранд. Мо дарҳол ба ШВКД ноҳияи Шаҳритӯс ва Қубодиён муроҷиат кардем, вале ӯро дар он ҷо дарёфт карда натавонистем. Баъдан ба мо хабар доданд, ки писаратон дар беморхонаи ноҳияи Қубодиён аст. Вақте ман он ҷо омадам, писрам аллакай мурда буд. Ҳамчунин ба мо хабар доданд, ки ӯро кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ боздошт кардаанд”, - гуфт Меҳрӣ Давлатова.
Ӯ мутмаин аст, ки марги писараш дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия сурат гирифта, “мо чунин фикр мекунем, ки дар роҳ ӯро лату кӯб кардаанд ва ҳангоме ки ба бемористони Қубодиён меоранд, ӯ аллакай мурдагӣ буд”.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаблан гуфтанд, Толибҷон Дӯстови 50-сола ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби 3 корманди шуъбаи дахлдори ВКД-и ноҳияи Дӯстӣ дастгир шудааст. “Дар роҳ ба шуъбаи ВКД бемории сактаи қалби боздоштшуда хурӯҷ карда, дар натиҷаи он ӯ аз олам даргузашт, вале сабаби асосии марг танҳо баъди дастрасии хулосаи расмии ташхиси судиву тиббӣ маълум мешавад”, - иброз дошт манбаъ.