Духтари Ислом Каримов курсии сафирӣ дар ЮНЕСКО-ро тарк мекунад
Хабаргузории Reuters менависад, Лолаи 39-сола тасмим гирифтааст, ки ба корҳои бунёди хайрияи ба номи падараш машғул хоҳад шуд.
"Дар ояндаи наздик ман ният дорам, ки ба хонавода, ҳадафҳо, бунёди хайрияи ба номи Ислом Каримов ва инчунин корҳои эҷодӣ, хайриявӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар равона кунам. Ба ҳамин сабаб, ман тасмим гирифтам, ки мақоми сафириро тарк кунам", - гуфтааст вай.
Лола Каримова, ки феълан дар Ғарб зиндагӣ мекунад, дақиқ накардааст, ки оё ба Узбакистон бармегарад ё на.
Ислом Каримов аз ҳамсараш Татяна Каримова ду духтар - Лола ва Гулнораро дорад. Гулнора Каримоваи 45-сола дар содир кардани ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ айбдор мешавад.
Дар мусоҳиба бо ВВС соли 2013 духтари хурдии Ислом Каримов гуфта буд, ки 14 сол аст, бо Гулнора робита надорад.