Ҷазои 25 милисаи тоҷик баъди шикояти аксбардори турк
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 25 корманди милисаро барои камбудиҳо дар муносибат бо сайёҳон муҷозот кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ рафтори милисаҳои тоҷик нисбати саёҳон баъди нашри мақолаи «Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест» санҷида шуд. Матлаби мазкур аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ таҳия ва дар интернет нашр шуда буд.
Манбаъ афзуд, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки баъзе кормандони ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбачаҳои БДА мақомоти корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Дарвоз ба камбудиҳо ва қонуншиканӣ роҳ додаанд.
Раҳимзода фармон додааст, ки нисбати 25 корманди шуъбаҳои мазкур, ки ба камбудиҳо ҷой додаанд, ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шавад.