Чин хостори ҳузури Э.Раҳмон дар ҳамоиши “БРИКС” шудааст
Син Ҷин Пин, раисиҷумҳури Чин ҳамтои тоҷикашро ба ҳамоиши сарони кишварҳои тез рушдёбанда-“БРИКС” даъват намудааст.
Андрей Денисов, сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Чин иттилоъ додааст, ки мизбони нишасти “БРИКС” сарони кишварҳоро аз қисмҳои гуногуни олам даъват намудааст: “Ба ин нишаст дар баробари Тоҷикистон, сарони Гвинея, Мексика, Таиланд низ даъват шудаанд”.
Нишасти навбатии сарони БРИКС аз 3 то 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин доир мегардад.
“БРИКС”, ин блоки иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда-Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.