Нашрияи «Омӯзгор» ҳам ба баррасии мавзӯъи «Низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» шурӯъ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати маориф ахиран дар идораи ҳафтаномаи мазкур мизи гирд баргузор шуд, ки дар он муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов, ректори ДИТ Нозимчон Нидоев, мушовири ректори ДДТТ Н. Сангинов, муовини ректор оид ба таълими ДДЗТ Ҷ.Файзалиев ва дигар устодону мутахассисони соҳа аз ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДТТ ба номи А.Сино, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба омилҳои гузариш ба низоми кредитии таълим, раванди татбиқи низоми кредитӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, мушкилоту муваффақиятҳои он, базаи моддиву техники муассисаҳои таълимӣ ва дурнамои рушди низоми мазкур дар кишвар андешаронӣ намуданд. Тавре маълум гашт, низоми кредитии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бомаром амалӣ шуда истода, натиҷаҳои умедбахш дода истодааст.